МО ҶОНИБДОРИ ҶОМЕАИ БИДУНИ КОРРУПСИЯ ҲАСТЕМ!

   Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар мулоқот муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони ҷамоатҳо иштирок намуданд. Баъди баррасии амалигардонии нақшаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Каримӣ Ҳ.Ҳ. оид ба паҳлуҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуда, оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои судманд баён намуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.