vtem newsroll

Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳунармандон тақдим карда шуд.

  Ба шарофати эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо ба оламиён хамчун...
vtem newsroll

Мулоқоти Раиси ноҳия бо сокинони деҳоти Унҷӣ

  Тибқи нақшаи Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ивази вакили хориҷшуда санаи 16.02.2...
vtem newsroll

Маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баргузор гардид.

  Санаи 17.02.2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати но...
vtem newsroll

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ"

  Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Чакомаи гесӯ" дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор бахш: муйбофии ...

 

Таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 доир гардид.
Нахуст муовини раиси ноҳия Абдуллозода Фирдавс Тоҷӣ оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2020 фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд.
Новобаста аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус ва таъсири ногувори он ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои олам ҷомеаи меҳнатии ноҳия баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррас тамоми имкониятҳоро босамар истифода намудаанд.
Дар ин раванд, бо мақсади амалӣ гаштани самтҳои асосии фаъолият нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ноҳия тарҳрезӣ гардидааст, ки он ба таъмини устувории иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳо, инкишофи соҳаи иҷтимоии ноҳия, дастгирии табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд равона гардида, он чун меҳвари асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ноҳия маҳсуб меёбад.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, сохтмони асосӣ, иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ таъмин гардид.
Дар ноҳия барои таъмин намудани нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ диыыати аввалиндараҷа дода шуда, барои иҷрои нақшаи ҳамаи намуди сарчашмаҳои даромад тадбирҳо андешида шуданд.
Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 дар сатҳи 109,9 фоиз иљро гардида, ба ҷои нақшаи 240,2 млн. сомонӣ, воридот 263853,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 23672,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хољагидорӣ ба маблаги 1 726,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,4 фоиз мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаљми 1 037,0 млн. сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ истеҳсол карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 105,8 фоизро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини корхонаҳои коркарди нахи пахта бо ашёи хом дар ноҳия дар майдони 8354 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Андешидани чораҳои зарурӣ ва омода намудани тухмиҳои хушсифат имкон дод, ки ҳосили хуби пахта рўёнида шавад.
Ҳосили пахта дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакор ба миыдори 18906 тонна ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 775 тонна зиёд ва ҳосилнокии он аз ҳар як гектар ба 22,6 сентнерӣ расонида шуд.
Дар соли 2020 таъсиси 11 адад корхонаҳои хурду миёна пешбинӣ гардида, дар асл дар ноҳия 13 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа зиёда 200 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузург 1282 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, дар солҳои 2018-2020 1040 банди онҳо амалӣ гардиданд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 222,0 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардида, дар натиҷа ҳамасола 8,0 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ташкил карда шуданд.
Дар идома дигар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла саноат,барқ,роҳу нақлиёт, бахши сохтмону меъморӣ ва ободонӣ, соҳаи иҷтимоӣ пурра ҳаллу фасл гардиданд.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Орзу Ҳусейн ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ иштирок ва суханронӣ намуда,ҷиҳати ноил гардидани ҷомеаи меҳнатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дастовардҳои боз ҳам арзанда тавсияву маслиҳатҳо дод.
Зафарбек Давлатзода аз як қатор мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вобаста ба вусъати фаъолият пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ, таъсис додани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

 

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Зафарбек Давлатзода Зафарбек Давлатзода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд 5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар в...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд 5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисит...

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз90
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта598
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта688
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5222
mod_vvisit_counterҲамин моҳ688
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23995
mod_vvisit_counterҲамагӣ572422