ОЛАМЕРО ЯК СУХАН ВАЙРОН КУНАД...

     Мо – кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суханронии домуллои афғон Соҳиб Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ -ро пурра маҳкум намуда мегӯем:

  • Эй “мусулмонон”-и мулки ҳамсоя!!!

 Оё Шумо худ намедонед, ки иғвогарӣ аз амалҳои бади инсонист! Мардуми тоҷик ба дини мубини ислом хиёнат накардааст, шароити созгори эътиқодӣ барои пайравони онҳо таъмин гардидаву 99 фисади сокинони кишвари мо эътиқодманди он  мебошанд. Ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузоранд. Дар таълимоти  мазҳаби ҳанафӣ инсон ҳамчун беҳтарин мавҷудоти  оваридаи Илоҳӣ мақоми баланд дорад.

   Мардумро тафриқаандозӣ накунед, ки рехтани хуни ноҳақ гуноҳ аст!. Мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷавонону наврасон, ки худро мусалмон ва пайрави мазҳаби  Ҳанафӣ меҳисобанду чун меросбарони шахсиятҳои маъруфи оламшумули халқи хеш ифтихор  доранд.  Оё Шумо намедонед, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  дар Тоҷикистон бо иқдом ва дастури  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмоамлӣ Раҳмон се маротиба бо забони тоҷикӣ Қуръони карим тарҷума шудаву дастраси мардум гардидааст.  Дар Тоҷикистони озоду ободи мо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Масҷиди калонтарин дар пойтахти кишвар таъсис дода шудаанд. Ҳар сол ҳазорҳо нафар ба сафари ҳаҷ ва умра мераванд. Донед, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгароии дини мубини Ислом аст. Худованд бандаашро офарида, ба вай ақл, чашм додааст, обу хоку заминро додааст, то зиндагӣ кунему аз ин дунё баҳравар гардем. Ақламонро кор фармуда, ба замона мутобиқ шавем, пойбанди хурофот нагардему илму ҳунар омӯзем...  Танҳо илму дониш омӯхтану ихтироъ кардани техникаву технологияи муосир, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳо шахсро аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳифз карда метавонад.

Шумо даврони ободиву осудагии  кишвари  моро нодида нагиред. Мо - занону бонувон, кормандони соҳаи маориф аз он ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ ва Паёми ҳамасолаашон нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир арзёбӣ мекунанд.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронӣ ва бо фаъолон ва ходимони дин бо мисолҳои равшан таъкид доштанд, ки баъзе занону бонувон баъди адои ҳаҷ ва умра ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар мекунанд. Дар ҳақиқат, бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани сатру аврат аз масъалаҳои доғи рӯз дар ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Онҳое, ки  либосҳои бегонаро мепӯшанд, намоишкорӣ мекунанд. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист ва он метавонад, фарҳанги миллии моро халалдор созад. Ҳар халқу миллатро бо забон, урфу одат ва аз шаклу тарзи либоспӯшиаш мешиносанд. Занону бонувон ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффату босавод бошанду эҳтироми падару модар ва шавҳарро ба ҷо оваранд.

  Дар хотир дошта бошед, ки ҷавонони мо дигар дигар бетарафу бетафовут, гумроҳзада нестанд. Мардуми тоҷик оқибатҳои ҳодисаҳои фоҷиабору ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Мо  ба ақлу заковат, нангу номус, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа эътимоди қавӣ дорем. Барои мо сулҳу суботи ҷомеа, ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллиамон арзиши олӣ доранд. Бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, ифротгароиву тафриқаандозӣ сарҷамъона  мубориза мебарем. Намегузорем, ки нақшаҳои сиёҳи душманони миллати мо амалӣ гарданд!

          Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.