ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ – ҶУСТУҶӮӢ: САМТ, ҶИНОЯТ, ОШКОР, ТАҲЛИЛ

Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия

    Масъалаи “Ҷамъбасти вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ” дар фаъолияти масъулини шуъбаи Вазорати корҳои лохилии №1 - 2 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024” дар Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур муовини сардори ШВКД№1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, подполковники милитсия Бахтиёр Абдуллозода ва сардори ШВКД№2 майёри милитсия – Фаррух Муллозода гузориши муфассал доданд.

Сипас, Каримулло Сафаров, ёрдамчии калони прокурори ноҳия, зимни таҳлили масъалаи мавриди назар афзуд, ки самти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохила дар таъмини амнияту тартиботи ҷомеа муҳим мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ”, ки аз 25 марти соли 2011 қабул карда шудааст, тамоми шохаҳои ин самтро ба танзим медарорад. 

Тибқи моддаи 3 - и қонуни мазкур вазифаҳои асосии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯиро ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан, кушодани ҷиноятҳо, ошкор ва муайян кардани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда, ҷустуҷӯи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, ҳамчунин ҷустуҷӯи шахсони бедарак ғайбзада, ба даст овардани маълумот дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти қисми 1 - и моддаи 13 ҳамин қонун субъектҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ин мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, мудофиа, адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи талаботи қонуни мазкур Воҳидҳои оперативӣ, ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯиро аз қабили пурсиши оперативӣ, ҷамъоварии маълумот, ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ, ҷустуҷӯи шахсӣ, харидории санҷишии оперативӣ, таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар, муоинаи оперативии манзил, ҳуҷраҳо, биноҳо, иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт, назоратбарии оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва сабти онҳо, гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа, воридсозии оперативӣ, таҳвили назоратшаванда, эксперименти оперативӣ, гирифтани иттилооти комютерӣ, таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ғайраро татбиқ менамоянд.

Санҷиши вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ” дар фаъолияти масъулини шуъбаи Вазорати корҳои лохилии №1 - 2 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024 дар давраи ҳисоботӣ нишон дод, ки мақомоти баамалбарорандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии ноҳия баҳри таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Мақомоти мазкур дар тарҳрезӣ ва анҷом додани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, ошкор кардани ҷиноятҳо, дастгир кардани шахсони дар кофтуков қарордошта, муайян кардани иштирокчиёни ҷиноят ва ғайра корҳои муайянро ба иҷро расонидаанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки новобаста аз корҳои дар ин самт анҷомёфта, ҳанӯз камбудиву қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла аз ҷониби мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, наандешидани чораҳои дахлдори оперативӣ - ҷустуҷӯӣ баҳри ошкор намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба таври зарурӣ ба роҳ намондани чораҳои дахлдор ҷиҳати дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, муайян намудани ҷойи буду боши шахсони бедарак ғайбзада ҷой доранд. 

Зимни таҳлили масоили болозикр дар ҷаласа самтҳои алоҳидаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дақиқан мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Усмон Қосимзода, муовини якуми прокурори ноҳия, зимни муҳокима аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, иброз дошт, ки самаранокии фаъолияти мақомоти оперативӣ – ҷустуҷӯиро, вазъи ҷинояткорӣ дар ноҳия муайян менамояд. Ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда ва ошкоршавии он нишон дода истодааст, ки фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯи дар ноҳия тақвият дода шаванд. Яке аз уҳдадориҳои муҳими мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ тибқи моддаи 14 - и қонун, ки таъмини амнияти давлат ва сулҳу субот дар ҷомеа вобастагӣ дорад, ин кушодани ҷиноятҳо оид ба амалҳои террористиву хусусияти террористидошта мебошад.  Ин масъалаи муҳим дар меҳвари таваҷҷуҳи фаъолияти ҳамарӯзаи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ бояд қарор гирад, зеро ин самт саҳланкориро намепазирад. Дигар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили ҳодисаҳои куштор, ҳодисаҳои муомилот бо маводи нашъадор низ бояд ҳамарӯза дар мадди назар бошанд, ки барои пешгирӣ ва рух надодани чунин ҳодисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоати деҳот ҷоннок карда шаванд.

Инчунин Илҳомиддин Вализода ва Ҷамшед Зубайрзода, сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров № 1 – 2 оид ба масъалаи вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ” дар фаъолияти масъулини шуъбаи Вазорати корҳои лохилии №1 - 2 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024”  ибрози андеша намуданд.     

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласа роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони шаҳраку ҷамоати деҳот, ходимони дину фаъолони маҳал иштирок доштанд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.     

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.