Мунира Баҳромзода ғолиби озмуни Маликаи Наврӯз
Дар толори варзишии Мактаби хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд озмуни «Маликаи Наврӯз» бо ташабуси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинии фаҳангӣ 9 нафар довталабон аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иттиифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Спитамен, Кумитаи иттифоқи касабаи кормнадони маорифи ноҳияи Б.Ғафуров, Кумитаи иттифоқи касабаи кормнадони маорифи ноҳияи Деваштич ва Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз ҷониби аъзои ҳакамони озмун Мунира Баҳромзода намоянда аз Кумитаи иттифоқи касабаи кормнадони маорифи ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи аввал, Латипова Малика аз шаҳри Бӯстон ҷойи дуюм ва Тоҷибоева Мадина аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор дониста шуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилояти Суғд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.