Маҳаллаи «Мусаффо»- и ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» мақоми аввалро соҳиб гардид
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид. Дар ин озмун шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» — Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатӣ, «Вилояти беҳтарин» -вилояти Суғд ва «Гулпарвари беҳтарин» — Гулнигор Ғафурова, корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба ҷои аввалро соҳиб гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ иттилоъ медиҳад, дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони расмии шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Дар қатори дигар ҷоизадорони номинатсияҳои озмун, дар номинатсияи маҳаллаи беҳтарин, маҳаллаи «Мусаффо»-и ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввалро соҳиб гардида, раиси кумитаи маҳаллаи мазкур Ӯктамҷон Ҷӯраев бо диплом ва ҷоизаи озмун сарфароз гардонида шуд.
Бояд тазаккур дод, соли 2020 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» эълон гардида буд. Новобаста аз давраи вазнини пандемияи Ковид – 19 дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Мусаффо» ғолиб дониста шуда буд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваффақияти маҳаллаи «Мусаффо»-ро дар озмуни ҷумҳуриявии ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» муборакбод намуда, ба раиси кумита Ӯктамҷон Ҷӯраев ва аҳли маҳаллаву ҷамоати деҳоти Унҷӣ комгории рӯзафзунро таманно менамояд.
Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров