НАМОИШИ САЙЁР
Тибқи нақшаи кории Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дирӯз дар ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан намоиши сайёри Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Марди накӯном» ташкил ва баргузор карда шуд. Намоиши сайёри аввал бо иштироки зиёди аҳли зиё, омзӯгорону табибон ва сокинони ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Кормандони масъули Осорхона дар асоси барномаи тарҳрезигардида назди иштирокдорони ҷамъомада бо маърӯзаҳо суханронӣ намуданд.
Дар навбати аввал котиби илмии Осорхона, номзади илмҳои таърих, ғафуровшинос, дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов дар мавзӯи “Академик Аҳрор Мухторов - дастпарвари мактаби илмии академик Семенов А. ва Бобоҷон Ғафуров” маърузаи пурмазмун кард. Ҳамзамон мавсуф оид ба таърихи таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров, соли 2023 ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз таъмири хушсифат баромадани ин муассисаи фарҳангӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пардабардорӣ шудани муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров дар саҳни бино, аз 17 гӯшаҳои алоҳида иборат будани дохили Осорхона ва ғайра маълумоти ҷолиб дод.
Номзади илмҳои филологӣ, муҳаррири Осорхона - Розиқҷон Муталлибов аз рӯи мавзӯи “Симои аллома Бобоҷон Ғафуров дар адабиёти бадеӣ” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки алҳол зиёда аз 50 шеър фароҳам омадааст, ки дар онҳо заҳмати дар роҳи шинохти миллат ба харҷдодаи академик Бобоҷон Ғафуров инъикос гардидааст. Аз ҷумла аз навиштаҳои шоирон Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муҳтарам Ҳотам, Камол Насрулло, Аҳмадҷони Раҳматзод, Норинисо иқтибосҳо овард.
Корманди илмии Осорхона, унвонҷӯи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд Саидқул Маҳкамов дар мавзӯи “Инъикоси таърихи давлати Сомониён дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” маъруза кард.
Дар рафти суханрониву муаърӯзаҳо кормандони Осорхона - Мунира Қурбонова ва Абдуллоҷон Ҳошимов бо истифода аз таҷҳизоти муосири техникӣ барои иштирокчиёни ҷамъомад суратгузориш ва кинофилмҳоро дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров намоиш доданд.
Нимаи дуюми рӯз бо чунин тартиб намоиши сайёри Осорхона бо сокинони сершумори шаҳри Истаравшан ташкилу баргузор карда шуд.
Аз суханрониҳои муовини раиси шаҳри Истаравшан - Парвиз Зафарзода ва баёни сипосмандии дигар иштирокдорони ҷамъомадҳои ташкилшуда аён гардид, ки нақшаҳои тарҳрезишудаи кормандони Осорхона ҳадафрас таъмин гардиданд.
Мунира Қурбонова, корманди Осорхонаи ба номи академик Б.Ғафуров.