ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
Барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 195 000 (яксаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо мешавад. Озмун аз рӯи се номинатсия — беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ доир гардида, барои ҷойи якум 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Чунин омадааст дар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли равон, ки дар бораи баргузор намудани озмуни мазкур ба тавсиб расидааст.
Дар Амри Президети мамлакат омадааст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор карда мешавад. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» тасдиқ карда мешаванд. Озмун дар як давр баргузор мегардад. Довталабоне, ки дорои осори илмӣ ва илмию оммавӣ мебошанд, метавонанд маводди худро ба Комиссияи озмун пешниҳод намоянд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва оммавию ҳуқуқӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқон ва олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ равона гардидааст.
Бознашр аз саҳифаи АМИТ "Ховар"