Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи кӯдакон, тарбия ва фароҳам овардани шароитҳои хуби таҳсилу истироҳати онҳо мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 46 нафар кӯдакони пурраятим, зиёда аз 1393 нафар кӯдакони нимятим ва 1129 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зиндагӣ доранд, ки ба ғамхорӣ мӯҳтоҷ мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам ҳамаи ниёзмандонро бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ фаро мегирад. Барояшон дастархони идона ороста тӯҳфаҳо ҳадя менамояд.
Ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2021 барои 46 нафар кӯдакони ятим дастурхони идона ороста, туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.