Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2020 дар таърихи халқу мамлакатамон соли воқеаҳои хотирмон, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Мардуми ноҳия дар соли сипаригардида дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардиданд.

Новобаста аз он ки паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба рушди бомароми ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакатамон мушкилоти ҷиддиро ба миён овард, ба шарофати неъмати беназири Истиқлолият дар ноҳия ҷиҳати таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамаи соҳаҳо нишондиҳандаҳои меҳнатӣ афзун гардонида шуд.

Итминони комил дорам, ки дар Соли нав низ сокинони ноҳия чун тамоми мардуми шарифи кишвар дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат саҳми бештар гузошта, фаъолияти пурмаҳсул зоҳир менамоянд.

Дар Соли нави 2021, ки соли таҷлили ҷашвораи бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба тамоми мардуми ноҳия ва кулли ҳамватанонамон барору мувафақият, сиҳатмандиву рӯзгори осуда, иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.

Бигзор соли нави 2021 соли идомаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ баҳри ободонии сарзамини муқаддасамон бошад!

Соли нав муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 

 

И.в.Раиси  ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров                   Давлатзода Зафарбек

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз859
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта858
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3510
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6016
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14920
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23394
mod_vvisit_counterҲамагӣ541370