МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА ИДИ ҚУРБОН
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям.
Дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишварамон муваффақ шуданд, ки идҳои суннатии ниёгонамон бо риояи анъанаҳои миллӣ таҷлил карда шаванд.
Иқдоми навбатӣ ва ҳаётан муҳиму муосири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ифода меёбад, ки ба хотири таъмини зиндагонии арзандаи шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуда, бо мақсади ҳифзу гиромидошти аркони давлатдории муосир ва бо такя ба арзишҳои олӣ ва пандомӯзи дини мубини ислом санаи 9 марти соли равон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқоти судманду таърихӣ доир намуданд. Бо хулосабардорӣ аз дастуру супоришҳои хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат ва бо ифтихормандӣ аз арзишҳои суннативу миллии худ ҷиҳати бегазанд ба ояндагон мерос гузоштани давлати мутараққӣ бояд тамоми саъю талош ва ғайрату ҳиммати худро баҳри пешгирии гароиши шаҳрвандон ба равияҳои тундраву ифротӣ, тадриси ғайрирасмии динӣ ва вуруди фарҳанги барои миллати мо бегона равона созем. Дар ин замина талқини корҳои ободонии сарзамини аҷдодӣ, дӯст доштани Ватан, таҳкими истиқлолу озодӣ ва пояҳои давлатдории миллиамонро қавитар гардонида, ҷиҳати дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватанпарвариву меҳнатдӯстӣ тарбия кардани ҷавонон нақши худро гузорем.
Ҳамдиёрони азиз!
Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли асрҳо равандҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои Иди Қурбон маҳсуб меёбад.
Дар ин айёми шариф ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номуси ҷомеа амалҳои хайру савобро вусъат дода, бояд бо шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ ба хотири устувории ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи абадӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузорӣ намояд.
Боварӣ дорам, ки аҳли намозгузорони диёр дар рӯзи ид барои хуррамиву фаровонӣ ва ояндаи неки кишвари азизамон даст ба дуои нек мебардоранд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати Иди Қурбон муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва файзу баракоти рӯзгорро орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!