МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ БАРРАСӢ ШУДАНД
Намояндаи вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур якҷо бо раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло Файзулло аз ҳудуди шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои ноҳия боздидҳо ба амал овард.
Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъат додани корҳои ободонӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва қонунвайронкуниҳо, бартарафсозии камбудиҳои санҷишҳои гузаронидаи Вазорати корҳои дохилӣ, пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротгаро, фарҳанги либоспушӣ, риояи баргузории ҷашну маъракаҳо, ҷалби шаҳрвандони бекор ба шуғлнокӣ ва рушди ҳунармандӣ, рушд бахшидани соҳибкориву сармоягузорӣ дар мавриди ба истифода додани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ободонии маҳалли зист, огоҳ кардани аҳолӣ ва хоҷагиҳо оид ба ҳарчи тезтар ҷамъоварии ҳосили рӯёнидашуда аз заминҳои обӣ ва гузаронидани кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар оила, тарғиби тозагӣ ва баргузории чорабиниои фарҳангӣ аз қабили озмуну фестивалҳо бо сокинони ноҳия мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.
Чунин ҷамъомаду мулоқот санаи 05.06.2024 бо иштироки фаъолони ноҳия ва сокинони деҳоти Ёва, Ғозиён, Ҳ.Усмонов ва Овчиқалъача доир карда шуд
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров