Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура дар маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек зимни суханронӣ баён дошт, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи Истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши намоён дорад.
Бо изҳори умедворӣ дар иҷрои вазифаҳои шарафноки минбаъда дар самти сулҳу субот ва қонуният дар мамлакат ҳамчун пуштибони воқеии қонун ва ҳимоятгари ҳуқуқи шаҳрвандон чанде аз кормандони мақомоти прокуратураи ноҳия бо Сиписнома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ карда шуданд.