Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Санаи 15 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Шахси вобастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Анвар Якубӣ – муовини Раиси вилояти Суғд кори маҷлисро оғоз намуда, меҳмонони чорабиниро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ - Ватанзода Маҳмадалӣ, Файзулло Машраб, Мирзозода Мавлуда, Аҳмедов Мирзоанвар бо сокинони касбу кори гуногуни ноҳия, ки дар толор ҷамъ омада буданд, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар маълумотҳои мушаххас баён намуда, ҷиҳати амалисозии ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат дастуру тавсияҳо баён намуданд.
Дар навбати худ иштирокдорони маҷлис Ҷӯраева М., Ҳакимов Ҳ., Ҷумъаназарова Ф., Валиева З. оид баргузории мулоқоти судманд фикру андешаҳои худро баён намуда, якчанд таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузории мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар дигар минтақаҳои ноҳия идома меёбад.