Сафари кории Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба деҳоти дурдасти Ҷамоати деҳоти Исмоил
Бо мақсади шиносоии наздик аз вазъи зисту зиндагонии сокинони деҳоти дурдаст Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ба деҳаи Заркони деҳоти Исмоил ташриф оварда, дар чорабиниҳои наврӯзии мардуми деҳа иштирок намуд. Дар ин рӯз мактаби деҳа, ки солҳои тӯлони ба таъмир ниёз дошт, баъди таъмири хушсифат азнав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси ноҳия мардуми ҷамъомадро ба муносибати Иди байнаалмилалии Наврӯз шодбош гуфта, корҳои аёдатии пирони рӯзгордидаро баргузор намуд.
Дар қасри фарҳанги маркази деҳоти Исмоил – деҳаи Сомғор Рӯзи қабули шаҳрвандонро доир намуда, бо таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Исмоил ҷиҳати рушди минбаъдаи деҳоти дурдасти ноҳия ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандону вакилони Ҷамоат дастуру тавсияҳои судманд баён карда шуд.