Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» иштирок ва суханронӣ намуданд
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ, ширкат доштанд.
Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
Дар назар аст, ки дар поёни Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардад.
Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёнро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳамаи онҳоро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.
Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки кумаки худро дар ҳалли қазияи Афғонистон дареғ надоранд, зеро бӯҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва мақоми “Қалби Осиё — Раванди Истанбул”-ро аз замони ташаккулёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз, муҳим арзёбӣ карданд.
Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо боварӣ таъкид намуданд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.