Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот намуданд
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидии Қитъаи Осиё маҳсуб меёбад ва мо ба бештар мустаҳкам намудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти пайваста медиҳем.
Дар ин замн, зарурати тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ дар Тоҷикистонро таъкид гардид.
Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки имкониятҳои фаровони ду кишвар дар соҳаи энергетика, бахши кишоварзӣ, нақлиёт, тиб пурратар истифода карда шаванд.
Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC), Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) ва дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати интиқоли 192 ҳазор воя ваксинаи зидди вируси “Ковид-19” тариқи механизми “Ковакс” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот тақвияти фаъолияти Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, инчунин қазияи Афғонистон муҳокима гардид.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст алоқамандии худро изҳор намуданд.