Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд
7 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-ро мавриди истифода қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат иборат мебошад ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар таҳхонаи бино кабинетҳои таълимии дӯзандагӣ, челонгарӣ, пазандагӣ ва маҳфилҳои рассомиву омӯзиши дигар ҳунарҳо ташкил гардида, наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар саҳни муассиса ошхонаи барҳаво барои 120 нафар хонанда ва майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст.
Бо дарназардошти супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати самаранок истифода намудани замини ёрирасон дар масоҳати 0,5 га боғи интенсивӣ бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар муассисаи навбунёд ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳамин аст, ки сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ зиёд гардида, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта мешавад.
Қобили зикр аст, ки собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров солҳои 1930-юм сохта шуда, бо зиёд шудани нуфузи аҳолӣ талабот ба мактаби нав ба миён омада буд. Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони боҳиммат дар бунёди ин муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузоштанд ва акнун наврасону ҷавонон дар шароити хубу замонавӣ таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат ба воя мерасанд ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмоновро махсусан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳидоят намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя мерасанд, зеро барои амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб дар муассисаҳои таълимии мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад. Илова бар ин, эълон гардидани солҳои 2020-2040 — “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” сабаб мегардад, ки омӯзиши ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Бунёди бинои наву замонавии муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонов туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.