Кӯдакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома ёфта, дар доираи амалишавии нақша – чорабинии ҷашнӣ ҳамарӯза даҳҳо корҳои арзишманд ба иҷро мерасанд. Дар ин радиф кушодашавии муассисаи томактабӣ низ армуғони идонаи ҷашнӣ маҳсуб меёбад.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Зафарбек Давлатзода дар маҳаллаи Оҳучашмаи ҷамоати деҳоти Исмоил кӯдакистони тобеи Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатовро баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Муассисаи мазкур, ки аз ду бино ва маҷмӯи иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад, барои таълиму тарбияи ҳашт гурӯҳ тарбиятгирандагон шароити мусоид фароҳам меоварад. Раиси ноҳия зимни боздиди гуруҳҳо аз таъмиру таҷдид изҳори қаноатмандӣ намуда, навсозиву барқарорқунии чунин кӯдакистони зебову замонавиро, ки дорои тамоми шароит ва барои 100 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст, дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ саҳми арзишманд мегузорад, - гуфт, ӯ. Ҳамзамон зимни суҳбат бо аҳли маҳал иброз дошт, ки маориф аз соҳаи муҳиму афзалиятноки ҷомеа маҳсуб ёфта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии давлат маорифро чун соҳаи муҳиму калидӣ арзёбӣ намуда, баҳри пешрафти он чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозӣ мегарданд. Ин ҳама дастгириву ғамхорихои Роҳбари давлат маорифчиёнро вазифадор менамояд, то ба хотири тарбияи насли саводноку созанда тамоми нерӯи зеҳнии худро равона созанд.
Дар интиҳо раиси хоҷагии ҷамоавӣ Фурқат Душабоев, ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, дастгириҳои рӯзафзуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандии аҳли бошандагони маҳаллаи Оҳучашмаро расонид.