Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2021 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он ба 17,4 млрд сомонӣ баробар шуд. Рушди мусбати иқтисодиёти миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,4 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,5 фоиз, кишоварзӣ 6,1 фоиз, боркашонӣ 2,1 фоиз, мусофиркашонӣ 2,6 фоиз ва ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 33,9 фоиз, аз ҷумла содирот 1,9 маротиба таъмин гардидааст.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли 2021 3,3 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,4 фоиз, молҳои ғайриозуқа 2,4 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ 1,3 фоиз ташаккул ёфтааст. Даромади буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 дар сатҳи 104,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 6,1 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 34,9 фоизро ташкил менамояд.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин шуд.

Дар баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ҳамчунин оид ба иҷрои нақшаҳои даромади буҷет, пардохти маошу нафақа,  ҳисоботи вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Баъди ҳисоботи шахсони масъул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 суханронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ҳамчунин зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон ба иқтисодиёти кишвар, паёмадҳои КОВИД-19, камобӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии маводи озуқа, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини кишт, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрока ва сарфакорӣ дар рӯзгор ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари ҷумҳуриро вазифадор карданд, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду бӯҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар ва омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд.

Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат дар маҷлиси навбатӣ ҳамчунин, масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нуробод, Дар бораи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии баъзе аз объектҳои ҷуғрофии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмиро муҳокима карданд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷӯҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати мамлакат ҷалб карданд.

Ба раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дастур дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, кишти зироатҳои лубиёгӣ, истеҳсолу захираи зарурии маводи хӯрока, таъмини сӯзишворӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ, тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.