Рушди деҳот: ободкориҳо дар деҳаи Рӯмон
![](/images/navid/10-04.jpg)
Дар ин рӯз дар маҳаллаи Пурфайзи деҳа Хонаи саломатии маҳалла, ки бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ ва боздиди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифт. Ҷоизи қайд аст, ки Хонаи саломатии мазкур тариқи анъанаи миллии «ҳашар» дар муддати 50 рӯз қомат афрохта, дар корҳои сохтмонӣ кулли сокинони маҳал саҳмгузорӣ кардаанд. Раиси ноҳия аз шароитҳои фароҳамоварда ва ҳуҷраҳои Хонаи саломатӣ аз наздик шинос шуда, ба маъмурияти шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия супориш дод, ки ҷиҳати таъмини муассисаи тиббии мазкур бо кормандони соҳибихтисос, таҷизоти зарурии тиббӣ ва дигар шароитҳои муосири хизматрасонии тиббӣ чораҷӯӣ намуда, дархостҳои заруриро пешниҳод намоянд. Мавриди зикр аст, ки баҳри дастгирии иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳиявӣ кӯчае, ки Хонаи саломатӣ бунёд гардидааст, ба ҳудуди наздик 5000м2 мумфарш гардонида шудааст, ки ин ташаббус сокинонро мамнун гардонидааст. Махусан кормандони соҳаи тибби маҳалла хурсанд аз он буданд, ки барои онҳо дар маҳалли зисташон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад ва зиёда аз 5000 нафар сокинон аз хизматрасонии тиббӣ баҳраманд мегарданд.
Сипас Раиси ноҳия дар худи ҳамин маҳалла аз вазъи мактабдории муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №26 дидан намуда, барои боз ҳам ободтар гардонидани намои берунии мактаб, синфхонаҳои таълимӣ, ошхонаи мактабӣ, толор ва майдончаи варзишӣ ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру тавсияҳо баён намуд.
![](/images/navid/10-05.jpg)
![](/images/navid/10-06.jpg)
![](/images/navid/10-07.jpg)