Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт

Субҳи 10-уми июли соли 2021 дар минтақаи Рашт заминларза ба вуқӯъ омад. Аз он сокинони деҳаҳои Бустон, Кули Калон ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи н.Тоҷикобод, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва  Аскалони н.Рашт  зарари молию ҷонӣ  диданд.

 

Дар натиҷа манзилҳои истиқоматии деҳаҳои Кули Калон, Саричашма ва Бустони  ҷ/д Лангари Шоҳ, зарар дида, баъзеашон дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтанд.

Дар ин рӯзи сахт, барои дастгирии аҳолӣ ва расонидани кумаки ҳамаҷониба ба зарадидагони офати табиӣ, ба минтақаи Раштонзамин Раиси МН МО ҶТ Зокирзода Маҳмадтоир, директори агентии захираҳои моли назди Ҳукумати ҶТ   Аҳмадзода Н., раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ Назарзода Р. ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташриф оварда, бо аҳолӣ вохуриҳо намуданд.

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи сахт, ки ба сари мардуми Раштонзамин афтодааст, бо тамоми саъю кӯшиш баҳри дастгирии мардум кор бурда истодааст. Манзилҳои валангоргаштаи минтақаҳои осебдида пурра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд. Мардуми ҷабрдида бояд рӯҳафтода нашаванд, чунки кулли мардуми Тоҷикистон дар фикри сокинони осебдида буда, бо боварӣ гуфта метавонем, ки кӯмаки моддию маънавии худро мерасонанд.

 

Муаллими МТМУ №1-и н. Рашт

А. Раҳматуллоев

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.