Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид

Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон бо доираи васеи фаъолони ноҳия баргузор гардид. Прокурори ноҳия Самизода Сафаралӣ Абдухалил оид ба масъалаи мазкур гузориш дода, гуфт, ки бо вуҷуди таъмини шароити хуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ ба ҳар як сокини диёр, ҳодисаҳои даст ба ҷиноят задани шаҳрвандон, махсусан ноболиғон дар кишвар ба мушоҳида расида, баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва ташаккули тарзи ҳаёти солим Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дар ин замина қабули Барномаҳои давлатӣ татбиқ гардида истодааст. Дар баробари ин тибқи муқаррароти қонунҳои зикршуда, дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳрак дар робита бо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, комиссияҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян намудани хонандагон аз оилаҳои осебпазир ва шахсони гирифтори бемории рӯҳию майзада таъсис дода шудааст. Аммо санҷишҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нишон дод, ки субъектҳои мазкур муқаррароти санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиро ба таври зарурӣ ба иҷро нарасидаанд. Бинобар ин сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва даст задан ба амалҳои номатлуб ташвишовар боқӣ мондааст.

 

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки новобаста ба чораҳои андешидашуда оид ба пешгирӣ ва огоҳкунии ҳуқуқвайронкунӣ, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар соли 2021 тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар ин давра ҷинояти дуздӣ, ҷинояти алоқаи ҷинсӣ намудан бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16 – солагӣ нарасида, ҷинояти авбошӣ, ғоратгарӣ, аз беэҳтиётӣ расонидани зарари миёна ба саломатӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ зиёд содир карда шудааст.

Дар идома муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, баромад намуда, зикр сохт, ки даст ба ҷиноят задани ноболиғон, ба падидаҳои номатлуб гаравидани бархе аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷомеаи моро ба ташвиш андохта, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ягҷоягӣ бо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, ҷамоату шаҳрак, деҳа ва маҳаллаҳо дар давраи ҳисоботӣ якқатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, аммо то ҳол даст ба ҷиноят задани ноболиғон ҷой доранд ва чунин рафтор мо – аҳли фаъолонро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин давра даҳҳо мулоқону вохӯриҳо дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳалла, кормандони тиб, фаъолон дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо гузаронида шудаанд. Даҳаи сеюми моҳи май дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ «Ҳафтаи ҳуқуқ» баргузор карда, дар доираи ин чорабинӣ оқибатҳои нохуши ҳамагуна қонунвайронкуниҳо фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин дар доираи ҳафта бо хонандагон оқибатҳои доғи судӣ доштан, таъсири ҷиноятсодиркунӣ ба ҳаёти минбаъдаи онҳо соатҳои тарбиявӣ баргузор гардиданд. Бовуҷуди ин, аҳли фаъолонро зарур аст, бо ин тадбирҷӯӣ қаноатманд нагардида, баҳри боз ҳам пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ чорҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров полковник Вализода Илҳом сухан намуда, таъкид сохт, ки дар ҳолати пурзӯр будани ҳамкорӣ бо мақомотҳои ваколатдори давлатӣ аз ҷумла Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров метавонад пеши роҳи ҷинояткориро коҳиш диҳад ва масъулинро даъват ба амал овард, ки дар ин самт корҳоро тақвият диҳанд. Инчунин дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, Беҳрӯз Шарипов, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Дилбар Бобоева, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, Абдуҷамол Ҳомидов, сархатиби ноҳия суханронӣ намуданд.

Дафтари иттилоот ва таҳлили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.