Қадршиносии меҳнати фидокорона
Дар доираи таҷлили сазовори чорабиниҳои идона бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ҳайдар Усмонов маросими номгузории кӯча ба номи фарзанди барӯманди диёр - Давлатбек Махсудов бо иштироки сокинони маҳал, ҳаммаслакон, шогирдон, хешу ақрабо ва пайвандони оилаи Махсудовҳо баргузор гардид.
Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Орифӣ Фаррух Абдуллозода аз хизматҳои арзандаи Давлатбек Махсудов суханронӣ намуда, қарори иҷлосияи 8-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 30-юми сентябри соли 2021, №128 –ро оид ба номгузорӣ шудани кӯчаи мазкур бо номи Давлатбек Махсудов ба самъи ҳозирин расонид. Зикр карда шуд, ки Давлатбек Махсудов баъди хатми бомуваффақияти Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси муҳандис-гидромелиоратор дар соҳаҳои гуногуни мелиоратсия ва обёрии ноҳияву вилоят фаъолияти меҳнатӣ бурда, моҳи феврали соли 1994 раиси колхози ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев таъин шудааст. Аз 12 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон ба мансаби Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, барои пешрафти соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Намоянда аз кумитаи давлатии хоҷагии оби вилоят, ҳамкор Абдулатиф Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Исохӯҷа Каримхоҷаев паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи Давлатбек Махсудовро ёдоварӣ намуда, аз хислатҳои ҳамидаву инсонии ин шахси мӯътабар хотираҳои нек баён доштанд.
Рухсора Давлатзода – духтари Давлатбек Махсудов зимни суханронии худ миннатдории аҳли оилаи Махсудовҳоро барои қадршиносии меҳнати фидокоронаи қиблагоҳашон ба ташаббускорони маҳал ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён намуд.
Ҷамъомадро раиси ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Баҳриддинхоҷа Нозимов ҷамъбаст намуда, аз номи сокинони деҳот зикр намуд, ки дар заминаи амалҳои ободгаронаи Давлатбек Махсудов баҳри ободу маъмур гардонидани маҳалли зисти худ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонанд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров