Корвони мошинҳои пурбори кӯмакҳои моддии Пешвои миллат ба оилаҳои аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардидаи вилояти Суғд
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид. Айни замон корвони мошинҳои пурбор ба шаҳри Исфара расид.
Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.
Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишондиҳандаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.
Барои саривақт ба мардум расондани кумакҳои моддӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва соҳибкорони ватандӯсту шахсони саховатпеша расондани кӯмакҳои башардӯстона ба оилаҳои зарардида идома дорад.