Баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқ
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) баргузор гардид.
Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек иштирокдоронро бо рӯзномаи масъалаҳои баррасишаванда шинос намуд. Дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф иштирок дошт.
Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Оид ба рафти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №386 «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» муовини якуми Раиси ноҳия, вакили ҳавзаи интихоботии №21 Орифӣ Ф.А. маърӯза намуд. Инчунин доири мавзӯи мазкур маърӯзаи иловагии вакили МВХН аз ҳавзаи интиихоботии №20 Қодиров А. шунида шуд. Аз рӯи масъалаи дуюм «Ҳисоботи комиссияи доимоамалкунандаи МВХН оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон» раиси комиссия, муовини раиси ноҳия Турсунзода Д. ҳисобот пешниҳод намуд. Доири масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия оид ба тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси ноҳия, вакили ҳавзаи интихоботии №40 Абдуллозода Ф.Т. суханронӣ намуд. Оид ба масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2021-2025 гузориши муовини раиси ноҳия Ҳомидзода Ф.Ф. шунида шуд. Вакили МВХН аз ҳавзаи интихоботии №26 Шарипова З.Т оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилии худ ҳисобот пешниҳод намуд.
Лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаи номгузорӣ аз ҷониби муовини раиси Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Халифаёр П.Н. шарҳу эзоҳ дода шуд. Инчунин қарорҳои раиси ноҳия оид ба масъалаҳои кадрӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охир муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо оид ба рафти иҷлосия ибрози ақида намуда, дастуру супоришҳои ҷории Раиси вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров