8000 нафар сокинони ноҳия ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ намуданд

«Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба суйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид»

 

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ҳаштҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун, фаъолони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷавонон, аъзоёни ҲХДТ ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳпаймоӣ ва ҳамоиши сокинони ноҳия доир гардид. Иштирокчиён бо ифтихори баланди ватандорӣ ва арҷгузорӣ зери ливои Парчами давлатӣ, аз оғози шоҳроҳи кӯчаи ба номи Фатҳулло Аҳмедов то хиёбони Парчами давлатии ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳпаймоӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ин чорабинии мутантан ҷавонон парчами дарозиаш 1000 метр ва бараш 7 метрро бо садоқати баланди ватандорӣ ва бо шиору хитобаҳо гузарониданд. Сокинони ноҳия бо рӯҳияи баланду ҳуввияти миллӣ, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботи саросарӣ ва сипосмандӣ аз сиёсати ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парафшонии Парчами давлатӣ муҳаббат ва садоқати бепоёни худро ба ин меҳану диёри биҳиштосо баён намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.