ҲАМОИШИ МУТАНТАН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар идомаи роҳпаймоии тантанавӣ дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода кулли мардуми шарафмади ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз навгониҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии шаҳрвандон арзанда аст.

 

Парчамдорӣ ба халқи мо аз гузаштагон мерос мондааст. Мо тоҷикон, чун дигар халқҳо дар тӯли таърих соҳиби парчамҳои гуногун будем. Дар сарчашмаҳои қадимтарин ин рамзи давлатдорӣ бо номҳои ливо, парчам, дирафш ёдоварӣ шудааст. Парчами қадимаи тоҷикон «дирафши коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ ба ҳисоб мерафт. Дар замони Сосониён шакли он тағир ёфта, дар қисми болоии он тасвири паррандаи зарин – мурғи ҳумо ҷой гирифта, атрофи он ба сангҳои қимматбаҳо ороиш дода мешуд.

Дар давраи шӯравӣ аз соли 1924 то соли 1991 Парчами давлатии кишвари мо чанд маротиба иваз карда шуда буд. Пайдоиши аввалин Парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1922 буд. То соли 1935 Парчами Тоҷикистон якрангаи сурх буда, дар он аломатҳои досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ҷойгир карда шуда буданд. 20 марти соли 1953 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон матоъи росткунҷа буда, аз се рахи рангаи сурх, сафед ва сабз иборат буд. Дар рахи болоии сурх назди дастаи парчам досу болғаи зарин ва болои онҳо ситораи сурхи заррин ҷойгир буд.

Баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он комиссияи махсус барои таҳияи намунаҳои нави рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуд. Барои таҳия ва тасвири Парчам озмун эълон карда шуд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун тасвирҳои серахаро пешниҳод намуданд, ки ранги онҳо сурх, сафед ва сабз буд.

Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни масъалаҳои муҳимтарин Парчами давлатиро тасдиқ намуд. Сарвари тозаинтихоби давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми қабули вазифа чун рамзи эҳтиром Парчамро бӯсида, дар назди он қасами сулҳовари худро эълон намуданд.

Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 12 майи соли 2007 ба имзо расидааст, танзим карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2009 инҷониб санаи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.

Инчунин дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 дар арафаи таҷлили Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 50 метр парафшон карда шуд. Ин раванди эҳтиромгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда идома дода шуда, дар тантанаҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази деҳоти Ғозиён ва дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази деҳоти Хистеварз Парчами давлатӣ парафшон гардид. Инчунин бахшида ба солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар шафати Қасри Арбоб, назди идораи маъмурии Ҷамоати деҳоти Унҷӣ низ Парчами давлатӣ дар сутунпояи 55 метр барафрохта шуд, ки дар маросими расман ба истифода додани майдонҳои Парчами давлатӣ Асосгузуори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намуданд.

Дар идома Маъруф Шарифиён, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонид. Гуфта шуд, ки Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон таърихии 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ҷашн мегирем.

Боиси таъкид аст, ки раванди давлатсозӣ ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид.

Дар интиҳо барномаи калони фарҳангӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ба муносибати ин санаи фархунда омода шуда буд ва муҳаббату садоқати баланди ватандориро ифода мекард, чорабиниро шукуҳи тоза бахшид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

  

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.