Боздид аз гармхона ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди токзори нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаҳо шинос шуд ва барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти тару тоза ба масъулин супоришҳо дод.

 

Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастрасии сокинон ба маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаҳо тавваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мегардад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 адад гармхона мавҷуд буда, дар онҳо помидор, бодаринг, кашниҷу кабудӣ, инчунин гулҳои ороишиву мавсимӣ, лимӯ парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо майдони кишт дар гармхонаҳо зиёда аз 17 гектарро ташкил дода, ҳосили он ба бозорҳои истеъмолӣ роҳ ёфтааст. Дар мавсими нави кишту парвариши сабзавот ва дигар зироат дар ноҳия 160 тонна помидору бодаринг, 75 тонна лимӯ ва 20 тонна дигар маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Дар гармхонаи соҳибкор Илҳом Ҳомидов, ки мавриди боздид қарор гирифт, парвариши лимӯ ба роҳ монда шудаааст. Масоҳати гармхона 0,30 га буда, дар он 450 бех лимӯ шинонида шудаву ниҳолҳо дар соли дуюм ба ҳосил даромадааст ва ҳар як ниҳол 18-20 адад лимӯ дорад.  

Раиси вилоят зимни шиносоӣ барои зиёд намудани шумораи гармхонаҳо ва майдони кишт тавсияҳо дода, илова намуд, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад.

Сипас, роҳбари вилоят аз филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздид кард. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар филиал бунёди боғу токзори интенсивӣ дар масоҳати умумии 22 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аснои муаррифии лоиҳа маълумот дода шуд, ки дар 10 гектар токи ҳавозавӣ, 10 гектар гелос ва 2 гектар хуч бунёд шуда, парвариши ангури навъҳои «Тоифии гулобӣ», «Ҳусайнии сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», гелоси «Кардио» ва хучи навъи гулбутта ба роҳ монда мешавад ва ба иттиллои мутахассисон дар соли дуюм ҳосил ба даст оварда мешавад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Боғи миллии «Ваҳдат» бо лоиҳаи таҷдиди токзор ва бунёди токзори нав шинос гардид. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо анҷом додани корҳои агротехникӣ пайванди токи серҳосил бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода оғоз меёбад. Истифодаи таҷрибаи пешқадам имкон медиҳад, ки навъҳои серҳосили ангур истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи пурраи лоиҳа, ба анҷом расонидани шудгору ҳамворсозии замин тавсияҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки бо бунёди токзори замонавӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.