Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат кард
Зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадори соҳаи маориф Абдуҷалил Саидов, собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Гулсуной Мирзоғафурова, Хушбахт Хуррамов ва Аҳмадҷон Тоҳиров ташриф оварда, бо пирони кор суҳбатҳо анҷом дод.
Зимни аёдат қайд карда шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли шахсиятҳое, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, хабар мегирад. Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳу ғамхориҳо миннатдории худро баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд