Муборакбодии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ба муносибати Соли нави 2023
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шумо - сокинони шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо фарорасии Соли нави 2023 муборакбод менамоям.
Мусаллам аст, ки ҳар сол бо хотираи некӯ ва саҳифаҳои рангин дар ҳофизаи таърих сабт мегардад. Соли 2022 низ дар таърихи халқу мамлакатамон соли воқеаҳои хотирмон, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Мардуми ноҳия дар соли сипаригардида дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардиданд.
Ба шарофати неъмати беназири Истиқлоли давлатӣ баҳри таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамаи соҳаҳо нишондиҳандаҳои меҳнатӣ афзун гардонида шуд.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар соли сипаригардидаи 2022 мардуми ноҳия дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ нақшаҳои пешбинишударо пурраву барзиёд иҷро намуданд. Таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, рушд бахшидан ба саноатикунонии босуръат ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зафармандии кормандони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорону боғдорон, дастовардҳои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг шаҳодати он аст, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мо дар ҳоли рушд ва пешрафти ҳамаҷониба қарор дорем. Бояд зикр сохт, ки татбиқи амалии дастуру супоришҳои оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои кориашон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён доштанд, такконбахши ҳамаи дастоварду муваффақиятҳои мардуми ноҳия ба ҳисоб меравад. Зеро бо қадамҳои файзбори Сарвари давлат ба ноҳия чандин корхонаҳои саноатӣ, маишиву иҷтимоӣ, кишоварзӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои зиндагонии арзандаи сокинони ноҳия мусоидати бевосита менамояд.
Соли сипаригардида мардуми соҳибзафари ноҳия идҳои бошукуҳи миллӣ, ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукрона аз давлати тинҷу обод бошукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.
Итминони комил дорам, мардуми саодатманди диёр аз ибтидои Соли нав аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ илҳом гирифта, ин барномаи мукаммали амалро сармашқи кору фаъолият қарор дода, чун тамоми мардуми шарифи кишвар дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар соли 2023 низ фаъолияти пурмаҳсул зоҳир менамоянд.
Бигзор соли нави 2023 соли идомаи таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ баҳри ободонии сарзамини муқаддасамон бошад!
Соли наватон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!