Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ иттилоъ дод, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳия озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023, №519 Салимзода Нусратулло Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.
Тавре маълумот дода шуд, Салимзода Нусратулло Файзулло 4 феврали соли 1965 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб. Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури муолиҷавӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 5-и шаҳри Душанбе ҳамчун бародари шавқати шӯъбаи ҷарроҳӣ оғоз намудааст.
Солҳои 1988-2008 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон ва Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2008 то 12 январи соли 2017 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 то инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.
Раиси вилоят ба Салимзода Нусратулло Файзулло дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзу карда, дар назди роҳбарияти ноҳия ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия вазифагузорӣ намуд.