ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ХИДМАТӢ МАСЪУЛИЯТШИНОСИСТ

ХАБАРҲОИ РӮЗ:

- Мудофиа.Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода аз буду боши сарбозон, шароити қисмҳои низомии дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дидан кард. Зимни суҳбат бо масъулин, ҷиҳати тақвияти шароити зист дар қисмҳои низомӣ дар сардиҳои рӯзҳои ахир ва дигар масъалаҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузошт.

- Ёва. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии#22 сохта ба истифода дода мешавад. Аз рафти корҳои сохтмонӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло боздид намуда, ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки корҳо баъди мӯътадил шудани сардии ҳаво оғоз ва дар мӯҳлати нақшавӣ анҷом дода шавад. Бо истифода дода шудани муассисаи мазкур, хонандагони ин маҳал дар шароитҳои хубу замонавӣ таҳсил хоҳанд кард.

- ОВЧИҚАЛЪАЧА: Хонаҳои истиқоматии деҳаҳои назди сарҳадии ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, ки аз муноқишаҳои марзии моҳи сентябри соли 2022 пурра харобу осеб дида буданд, аз ҷониби давлату ҳукумат мавриди навсозиву барқароркунӣ қарор гирифта, то фарорасии мавсими зимистон сокинон ба хонаҳои навсозишудаи худ ворид гардидаанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло аз хонаҳои навсозишудаи оилаҳои осебдида боздид намуда, бо сокинон суҳбат намуд. Зимни боздид, гуфта шуд, ки таъмиру барқарорсози беруни ҳавлиҳо бо фарорасии мавсими гармо оғоз гардида, ба сокинон шароити боз ҳам хуби зиндагӣ муҳайё хоҳад шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.