ШАҲОМАТИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯ

7 марти соли равон дар тарабхонаи «Шоҳ» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона таҳти унвони “Модар – офарандаи ҳаёт, сарчашмаи нуру зиё ва зиндагии босаодат” доир гардид.

 Чорабинии тантанавӣ бо муборакбодии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло оғоз гардид. Зимни шодбошӣ таъкид гардид, ки Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин аст ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.  Пешрафти давлат ва нерӯмандии ҷомеа, ки ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, бе таълиму тарбияи дуруст натиҷабахш буда наметавонад. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян ва арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд чорабиниҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодааст, ки дар ин ҷода таваҷҷҷӯҳи махсуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷоизи қайд аст.

Худи ҳаёт собитгар аст, ки рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар кадом давлат аз бисёр ҷихат ба зан-модар вобастагии калон дорад. Зеро онҳо дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлат сидқидилона саъю талош менамоянд.

 Дар идома Шарифҷон Аҳмедов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи бонувон расонид. Ӯ афзуд, ки: «Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори Модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Бузургдошти Рўзи Модар дар кишвар аз таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд».

Сипас, аз ҷониби аҳли бахши фарҳанги ноҳия барномаи калони консертӣ, ки дунёи саршор ааз меҳру муҳаббати модарро ифодагар буда,  баҳри ҳозирин пешниҳод гардид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.