НЕРӮИ ТАВОНОВУ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки кормандони воситаҳои ахбори омма чорабинии идона баргузор гардид. Муовини Раиси роҳия Дилором Турсунзода аз нақшу мақоми матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, махсусан таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин дастгоҳи тавонои пешбарандаи ҷомеа ибрози назар намуда, аз таърихи таъсисёбии рӯзномаи сирф тоҷикӣ "Бухорои шариф" ёдоварӣ намуд. Гуфта шуд, ки 111 сол муқаддам таъсисёбии рӯзномаи "Бухорои шариф" ба рушди журналистикаи тоҷик асос гузошта, дар такомулу таҳаввулоти воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ нақши барҷаста гузоштааст. Дар даврони шӯравӣ матбуот ва телевизиони тоҷикӣ ба ҳаёти маънавии мардум ворид гардид, аммо рушду камолоти ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар фароҳам омад, ки комилан айёми камолоти ин соҳаи ҳаётан муҳим дониста мешавад. Имрӯз матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори омма нақши муқтадир дорад ва мардум ба сухани чопӣ эътимоду боварӣ доранд.

 

Ӯғулой Қосидова, сармуҳаррири рӯзномаи"Хуҷанд"- нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сухан баромада, аз мавқеи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ҳамчун оинаи халқ, нерӯи пешбарандаву тарбиятгари ҷомеа ибрози андеша намуда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шахсан ба и.в. Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода ҷиҳати ҳамкории судманд бо рӯзноманигорон изҳори сипосмандӣ намуданд.

Дар интиҳо рӯзноманигорон: Мирзоаъзам Мақсудов, намояндаи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Садои мардум» дар вилояти Суғд, Розиқҷон Муталлибов, хабарнигори нашрияи «Хуҷанд», Абдуҳамид Ҷӯраев, муҳаррири барномаҳои иттилоотӣ – фарҳангии радиои «Замон», Ҳакимҷон Зокиров, масъули бахши ӯзбекии рӯзномаи «Раҳбари дониш», Ӯғулой Қосидова – сармуҳаррири рӯзномаи «Хуҷанд», Парвиз Неъматзода, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия ва чанде дигар бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯзи хотирмону мутантан 35 - солагии фаъолияти эҷодии  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон намояндаи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Садои мардум», сармуҳаррири рӯзномаи «Шуълаи умед» нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Мирзоаъзам Мақсудов таҷлил гардид. Дилором Турсунзода, муовини Раиси роҳияи Бобоҷон Ғафуров аз хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи ВАО, нақши назаррас дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пешрафти маънавиёти ҷомеа, рушди журналистикаи тоҷик, фаъолияти пурсамари Мирзоаъзам Мақсудов ёдоварӣ намуд.  Дар идома Ӯғулой Қосидова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хуҷанд», Ҳотамҷон Фаттоев, М.Мирпоччоева намояндагони Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Файзуллохоҷа Атохоҷаев, котиби масъули ҳафтаномаи «Хуҷанд», собиқадори соҳа аз зиндагинома ва саҳми рӯзноманигори номвар Мирзоаъзам Мақсудов дар рушди матбуоти тоҷик, аз корманди оддӣ то дараҷаи сармуҳаррир, намояндагиҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ сабзидани ӯ ва китобҳои иншонамудааш андешаҳои пурмуҳтаво баён доштанд. Дар интиҳо Мирзоаъзам Мақсудов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати қадрдонӣ ва баргузории чунин чорабинӣ изҳори сипосмандӣ намуд.

 Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.