ПАЁМИ МУБОРАКБОДИИ И.В РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарону хоҳарони азиз!

Бо самимияти афзун ҳамаи шумоёнро ба муносибати иди баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар аз сидқи дил табрик менамоям. Ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

 

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин аст ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст. Пешрафти давлат ва нерӯмандии ҷомеа, ки ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, бе таълиму тарбияи дуруст натиҷабахш буда наметавонад. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян ва арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд чорабиниҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодааст, ки дар ин ҷода таваҷҷҷӯҳи махсуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷоизи қайд аст.

Худи ҳаёт собитгар аст, ки рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар кадом давлат аз бисёр ҷихат ба зан-модар вобастагии калон дорад. Зеро онҳо дар баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлат сидқидилона саъю талош менамоянд.

Модарону бонувони арҷманд!

Паиҳам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо, худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан-модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст.

Ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ, занону модарон ва бонувони ноҳияро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.