БОЗТОБИ ОБРЎ ВА НУФУЗИ КИШВАР ТАБРИКИ Нусратулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷавонони саодатманд, ҳамдиёрони азиз!
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола ин санаи фархунда бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар фазои мутантани идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда дар кишвари ободамон истиқбол мегардад, бароятон самимона муборакбод мегӯям.
Маҳз бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон саҳми сазоворро соҳибанд.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои калидӣ дар Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ таъкид намуданд: "Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ - ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад."
Ин нуктаҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси масъ-улиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва рӯҳияи ватанпарастиву ифтихори миллии ҷавонон ироа гардида, онҳоро водор месозад, ки ба Пешвои миллат пайравӣ намуда, ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолият, сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, шароиту имконияти фароҳамомада расанд, Ватанро боз ҳам бештар дӯст доранд.
Самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина таваҷҷуҳи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои иrтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шохаҳои ҳокимият фаъолияти хубу арзишманди ҷавонон ба пуррагӣ эҳсос мешавад. Минбаъд низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷодаи татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати ҷавонон, дастгирии кору пайкор ва ташаббусҳои созандаи насли ҷавон тадбирҳои судманро роҳандозӣ менамояд.
Бовар дорам, ки ҷавонони сарбаланди ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда ба ҳамаи зуҳуроти экстремистиву террористӣ муқовимат нишон дода, минбаъд низ барои рушду нумӯи ноҳия ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми назарраси худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси диёр ва кулли мардуми шарифи ҷумҳуриамон сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоям. Бигзор, ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!
Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед, ҷавонони азиз!