ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 "Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ", ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои солимӣ оммавияти варзиш эълон гардидааст. Субҳи рӯзи 21-уми майи соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.

Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, муовини якум ва муовини Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарият ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва занону духтарон фаъолона ширкат варзиданд.

Ғолибону ҷоизадорон ва корхонаву муассисаҳое, ки фаъолона иштирок намуданд бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Кибриё Исобоева, мухбири "Хуҷанд"

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.