НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар хиёбони назди Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода Номаи шодбошии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро бахшида ба Рӯзи ҷавонон қироат намуда, ҳозиринро шодбош гуфт. Дар ин самт маросими супоридани Стипендияҳои Раиси ноҳия барои соли хониши 2022-2023-юм ба 60 нафар хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, хонандагони Мактаби санъат ва варзишгарон баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия нақши муҳим доранд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 60 нафар хонандагону донишҷӯёни макотиби олӣ, Коллеҷу мактабҳои миёна стипендияи Раиси ноҳия супорида шуд. Барномаи консертӣ аз ҷониби масъулини бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омода шуда, пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он санъаткорону сарояндагон ва хонандагони литсейю мактабҳои ноҳия бо суруду таронаҳои дилангез баромад намуданд ва он фарогири тараннуми саодати ҷавонӣ, ҳувияти ватандорӣ, садоқат ба Ватани соҳибихтиёр ва Пешвои муаззами миллат буд.