АЁДАТИ ҶАВОНОНИ БЕМОРУ НИЁЗМАНД

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор ҷавонони маъюбу беморро аёдат карда, Рӯзи ҷавононро ба онҳо табрик гуфт.

 

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси вилоят дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонони бемор ба аёдат фаро гирифта шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Раиси вилоят нахуст дар шаҳри Бӯстон маъюби гурeҳи II Эҳром Эшонзода ва маъюби гурeҳи I Дилором Тӯлиеваро аёдат кард. Дар шаҳри Гулистон маъюби гурӯҳи II Беҳрӯз Абдулатифзода ва Халичабегим Мирхолова, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъюби гурӯҳи II Муродҷон Шарифов, Мирзораҳим ва Маҳина Мeъминовҳо, дар шаҳри Хуҷанд маъюби гурӯҳи II Абӯбакр Файзиматов, маъюбони гурӯҳи I Нурулло Қосимов ва Сӯҳроб Аминов ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, бахусус беморону ниёзмандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар сафари худ ба вилоят бо ятимону ниёзмандон мулоқот мекунанд ва ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории доимии давлат аст.

Волидон ва пайвандони ҷавонон аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.