ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА ИДИ ҚУРБОН
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии иди саиди Қурбонро бароятон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумоён саломатию сарбаландӣ ва хонадони обод таманно менамоям.
Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои Иди Қурбон арзёбӣ карда мешавад.
Дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишвар муваффақ шуданд, ки идҳои суннатии ниёгонамон бо риояи анъанаҳои миллӣ таҷлил карда шаванд.
Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ сатҳу сифати зиндагонии мардуми кишварамон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ҳазорҳо нафар мардуми кишварамон имконият пайдо намуданд, ки зиёрати Ҳаҷи фарзиро анҷом дода, дар ҳаққи мардуми тоҷик, Пешвои миллати тоҷикон ва хешу пайвандон дуои нек ба ҷо оранд.
Дар ин айёми шариф ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номуси ҷомеа амалҳои хайру савобро вусъат дода, бояд бо шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ ба хотири устувории ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузорӣ намояд.
Дар ин раванд бо ташаббуси наҷиби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар вилоят ва ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ вусъат бахшида шудааст ва сокинони бонангу ногмуси диёрамон дар ободу маъмур гардонидани кишвари маҳбубамон саҳмгузорӣ карда истодаанд
Бояд зикр кард, ки амалҳои созандаву бунёдкорона, дӯстиву муҳаббат, ваҳдату таҳаммулгароӣ ва аъмоли хайр асли дини исломро ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҳамаи мову шумо бояд тамоми саъю талош ва ғайрату ҳиммати худро ба корҳои созандаву ободгарона, дӯст доштани Ватан, таҳкими истиқлолу озодӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ равона сохта, дар амри хайри дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон нақши арзишманди худро гузорем.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати Иди Қурбон муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва файзу баракоти рӯзгорро орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!