ШУКУҲИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА САОДАТИ ВАТАНДОРӢ
Дар қасри ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии мутантани ҷашнӣ баргузор гардид. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло Файзулло кулли сокинони ноҳияро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд.
Таъкид гардид, ки 27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Зеро бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист манфиатҳои миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони худ ва пароканда гардидани миллатро бартараф созад ва бунёди Ватани ободу зебои биҳиштосои имрўзаро дилпурона оғоз намояд. Биноан, ин рўз барои халқу миллати мо азизу муқаддас аст. Тантанаҳои таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми некбахти кишварамон дар фазои сулҳу субот ва рӯзгори осуда бо меҳнати созандаю бунёдкорона машғуланд ва бо ҳидояти шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати худ бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мост. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иrтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлоли давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд. Амнияту оромӣ, ки маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошанд, имкониятҳои осудагии кишвари ҷаннатсифати моро бештар фароҳам овардаанд. Қобили зикр аст, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тожикон буд.
Иди фархундаи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ пайғоми саодати ҷовидонаи миллати мо барои садсолаҳо ва наслҳои оянда буда, таъкид кардан ба маврид аст, ки барои расидан ба чунин айёми осоишта мо рӯзҳои сахт ва мусибатҳои талхро аз сар гузаронидем. Ва бо сабру таҳаммул, шукру сипос, меҳнати софдилонаву меҳру муҳаббат ба чунин рӯзҳои нек расидаем. Имрӯз тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу амният, осудагӣ ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.
Дар идома муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонид.
- Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи таҷрибаи ғании таърихӣ ва хиради волои халқи тоҷик 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки он аз оғози ҳаёти осоишта дар кишвар башорат дод.
Ба ин маънӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон оғози марҳалаи нави таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро хатари бузургтарини дар он айёми вазнин ба миён омада, яъне эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷиконро комилан аз байн бурда, ба рушду тараққиёт ва пешрафтҳои тоза роҳ кушод… Имрӯз аз он ифтихормандем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати сулҳу осоиштагӣ Тоҷикистон дар миқёси олам ҳамчун кишвари ташаббускори иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Арзишу аҳаммияти сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ махсусан, дар марҳалаи имрӯза, ки инсоният бо мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, бештар эҳсос гардида, ҳар кадоми моро водор месозад, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Ватани маҳбуб ва миллати куҳанбунёдамон саҳмгузор бошем..,- таъкид дошт Анвар Яъқубӣ.
Сипас, барномаи калони омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия, ки таҷассумгари ифтихори милливу ватандорӣ, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат буд, шукуҳи ҷашнро афзун намуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров