МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ОИД БА НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР СОЛИ 2023

Маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2023 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар баргузор гардид.

 Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 маърӯзаи муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Ҳомид шунида шуд. Раиси ноҳия Салимзода Нусратулло оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ масъулони вобастаро пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи саривақтӣ вазифагузорӣ намуд. Намояндагони вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар заминаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дастуру тавсияҳои судманд баён намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.