ХУҶАНД — ШАҲРИ БЕҲТАРИН, АЙНӢ — НОҲИЯИ БЕҲТАРИН, АДРАСМОН - ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН, ОВЧИҚАЛЪАЧА — ДЕҲОТИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ ДАР СОЛИ 2023

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят​ маросими қадршиносии ғолибони озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ баргузор гардид.

 Озмуни мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва​ бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр карда шуданд.

Дар бахши «Хонаи истиқоматии беҳтарин» ҷойи якум ва 6000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Муҳаммадмусо Қосимов, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғауфров, ҷойи дуюм ва 4000 сомонӣ ба хонаи истиқоматии Мазбут Бойҷонов, сокини шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ​ ба хонаи истиқоматии Маъмур Аъзамзода, сокини шаҳри Гулистон дода шуд.

Дар бахши​ «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи аввал ва 6000 сомонӣ, маҳаллаи “Ватан”-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм ва 4000 сомонӣ, маҳаллаи “Ҷавонон”-и шаҳри Конибодом соҳиби ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ шуд.

Деҳаи Зарафшони деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод, деҳаи Саидқалъаи деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон ғолиби бахши​ «Деҳаи беҳтарин» дониста шуданд.

Дар бахши​ «Деҳоти беҳтарин» деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ва деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.

Шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон, шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ​ ва шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара дар бахши «Шаҳраки беҳтарин» аз беҳтаринҳо арзёбӣ гардид.

Ноҳияҳои Айнӣ(ҷойи якум ва 10​ 000 сомонӣ), Ашт(ҷойи дуюм ва 6000 сомонӣ), Мастчоҳ(ҷойи сеюм ва 3000 сомонӣ) ғолибони бахши «Ноҳияи беҳтарин» ва шаҳрҳои Хуҷанд(ҷойи якум ва 10 000 сомонӣ), Истаравшан(ҷойи дуюм ва 6000 сомонӣ) ва Истиқлол(ҷойи сеюм ва 3000 сомонӣ) ғолибони бахши «Шаҳри беҳтарин» эълон карда шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ғолибони озмун вимпелу диплом ва туҳфаҳои пулиро супорида, ғолибонро табрик намуданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.