МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ “УНҶӢ, №65”

Бо мақсади тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо интихобкунандагони худ мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои судманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодаанд.

 Мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Унҷӣ, №65”, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло Файзулло дар деҳаи Мусаффои деҳоти Унҷӣ ташкилу баргузор карда шуд. Нусратулло Салимзода бо фаъолони деҳоти Унҷӣ дар заминаи Паёми навабтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардуми деҳот, истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав дар заминаи бунёди коргоҳҳои саноатӣ ва коркарди маҳуслоти кишоварзӣ, марказҳои ҳунармандӣ барои занону духтарони хонашин, равнақ додани инфрасохтори муассисаҳои маорифу тандурустӣ, бунёди кӯдакистону майдончаҳои варзишӣ, пешгирии сохтмони ғайримақсаднок, вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бо мардуми ҷамъомада мулоқоти самимиву озод баргузор намуд. Таъкид карда шуд, ки дар амалишавии супоришоти Пешвои миллат дар самти вусъатбахшии корҳои ободонӣ нақши соҳибкорони маҳалӣ хеле муҳим мебошад.

Бошандагони маҳал аз баргузории мулоқоти судманду саривақтии Раиси ноҳия қаноатмандии худро изҳор намуда, барои амалишавии таклифу пешниҳодашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин бо кору фаъолияти кумитаи маҳаллаи деҳаи Мусаффо шинос шуда, дар ин рӯз дидорбинии чанде аз собиқадорони меҳнат ва маъюбони эҳтиёҷманди деҳаи мазкур аз ҷониби Раиси ноҳия Салимзода Нусратулло ташкилу баргузор карда шуд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.