КӮДАКОН ОЯНДАИ ОСУДАВУ ОБОДИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ

1 – июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

КӮДАКОН ОЯНДАИ ОСУДАВУ ОБОДИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ

Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Конвесия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кўдакон дарҷ гардидааст. 

Ҳамасола якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.

Ин субҳи фараҳафзо, шодиву нишоти кӯдаконро ҳадду канор набуд. Макони фароғатии Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идгоҳро мемонд. Гуруҳ – гурӯҳ кӯдакони босаодати даврони соҳибистиқлолӣ бо шукӯҳи хосаву хурсандии беканор, бо шукргузорӣ аз зиндагии шоиста гирду атрофи ин мавзеъро ба намоишгоҳи тамошобоб табдил дода буданд. Манзараи дилфиреби афсонаҳо, расмкашӣ дар рӯйи асфалт, олами гулҳову паррандаҳои хушхон, ҳунарҳои дастиву аёниятҳои худсохт, маҳсули меҳнати маҳфилҳои зардӯзиву кашидадӯзӣ, бофандагиву кошинкорӣ, дуредгариву челонгарӣ ва даҳҳо номгӯ ҳунарҳои миллии муассисаҳои таълимии ноҳия, барномаи театрикунонидашуда, ташкили бозиҳои варзишиву тамринҳои ҷисмонӣ аз ҷониби кӯдакони дӯстдори варзиш,  хубу хотирмон буданд.

 Нусратулло Салимода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳия аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ҳар як иштирокчии ин чорабинии фарҳангӣ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуд.

Сипас, Дилором Туруснзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамаи иштирокчиён ва кулли кӯдакони хушбахти ноҳияро бо ин рӯзи саиду фараҳафзо муборакбод намуда, афзуд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба ҳифзи кӯдакон, тарбия ва фароҳам овардани шароитҳои хуби таҳсилу истироҳати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, кӯдакон ба ғамхориву парасторӣ фаро гирифта шудаанд.

Бо назардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои даврони соҳибистиқлолии кишвар Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст.

Айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 147973 нафар ноболиғон зиндагӣ доранд, ки аз он 1223 нафар кӯдакони имкониятон маҳдуд, 42 нафар кӯдакони пурраятим, 2353 нафар кӯдакони нимятим умр ба сар бурда, онҳо таҳти парасторӣ ва ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифта шудаанд.

Дар партави дастгириву ғамхориҳои рӯзафзун Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯшиш намуда истодааст, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фарогирии онҳо ба зиндагии шоиста, таълиму тадрис ва истироҳату фароғат таъмин гардида бошанд, - илова намуд Дилором Турсунзода.

Дар ин тантанаи бошукуҳ хатнасури 70 нафар писарчаҳои хурдсол аз оилаҳои эҳтиёҷманд низ баргузор гардида, дар ин рӯзи нишотбахш ба ҳар яки онҳо аробачаҳо ҳадя ва дастархони идона дар тарабхонаи “Садаф” ороста шуд. Кӯдакону волидон зери таронаҳои дилписанд хурсанди намуда, изҳори сипосмандии хешро ҷиҳати ғамхориҳои ҳамешагии давлату ҳукумат бо фараҳмандӣ баён доштанд.

 

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.