МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони арҷманд!

Ҷашнгирии 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми кишвар дар ҷомеаи боадолат умр ба сар бурда, бо фараҳмандӣ ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.

    Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мо мебошад.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мамлакати мо ба туфайли сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошт. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсӣ ба Сарвари давлати тоҷикон имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ба фарҷоми мантиқиаш расонад.

Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Зеро ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон мусоидат карда, исбот намуд, ки халқи тоҷик дорои эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва хиради азалӣ буда, қудрати бузурги эҳёгарии он боиси чунин комёбиҳои назаррас гардидааст.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири таърих арзёбӣ карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар чаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор додаанд.

Ҳар сол мову шумо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн гирифта, ба хуби эҳсос мекунем, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ва саодати миллат табрик гуфта, хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.