ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ
27 июн -Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Тантанаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳия бо иштироки васеи кормандони касбу кори гуногун ва сокинони фаъоли ноҳия баргузор гардид.
Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардида, Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирокчиён ва кулли мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Таъкид гардид, ҷашнгирии 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми кишвар дар ҷомеаи боадолат умр ба сар бурда, бо фараҳмандӣ ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мо мебошад.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мамлакати мо ба туфайли сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошт. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсӣ ба Сарвари давлати тоҷикон имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ба фарҷоми мантиқиаш расонад.
- Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Зеро ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон мусоидат карда, исбот намуд, ки халқи тоҷик дорои эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва хиради азалӣ буда, қудрати бузурги эҳёгарии он боиси чунин комёбиҳои назаррас гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири таърих арзёбӣ карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар чаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор додаанд.
Ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд, - илова намуд, - Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Дар идома Анвар Яқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла гуфта шуд, ки соли равон дар партави “Соли маърифати ҳуқуқӣ” муҳтавои муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар кишвар амал мекунанд, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ тарғиб мегардад, итминон аст, ки тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат ба маврид зикр намудаанд: “Мо, тоҷикон, таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шуда, ҷаҳониён ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамоянд”.
Сипас, барномаи калони консертӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия омода гардида, тараннумгари ваҳдату истиқлол, ифтихори ватандориву ҳувияти миллӣ буд, баҳри болидахотирии иштирокдорон манзур карда шуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.