СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Мулоқот ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ
Дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қурбонмуҳаммад Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ, Шуҳрат Ғанизода, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тақдиршоҳ Шарипов, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, муқовимат бо коррупсияи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир намуданд.
Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд зимни сухани муқаддимавӣ ҳадафи вохӯриро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ муҳиму муассир арзёбӣ намуд.
Намояндагон оид ба аҳамият ва зарурати маърифати ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии ҷомеа нақши бориз доштани донишҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии мардум ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнӣ ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Омили асосии пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеа, маҳз таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониашон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози назар намуда, таъкид намудаанд: “...барои инкишофу такмили қонунгузорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ таъсири мусбат мерасонад, зеро ҳар чӣ қадаре, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва қонун, риояи бечунучарои қонунҳо дар мамлакат рушд намояд, мо ба ҳадафҳои конститутсиониамон мерасем.”
Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба нақши Конститутсия дар ба даст овардани давлати комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона, оид ба ҷалби ҳуқуқҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва бахши ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм, мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ибрози андеша гардид.
Дар вохӯрӣ ҳозирин даъват шуданд, ки муқаррароти қонунро иҷро ва онро аз ҳама манфиатҳои шахсӣ боло донанд.
Дар интиҳо Матлуба Ҷӯрабоева, аз номи тамоми мардуми ноҳия, ҷиҳати ташкили мулоқоти судманд ва саривақтӣ изҳори сипосмандӣ намуд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.