Тақдими либосҳои мактабӣ ба фарзандони оилаҳои ниёзманд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар арафаи соли нави таҳсил ба 160 нафар хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ эҳдо карда шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани туҳфаҳо қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеаро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Ба фарзандони оилаҳои ниёзманду наврасоне, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, мунтазам кӯмак расонида мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки рушду нумўи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа тадбирҳои амиқу пурсамар андешида, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. 

Наврасон дар зимн минатдории худро барои ғамҳориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, қавл доданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм менамоянд ва барои пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 93 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд буда дар онҳо наздик 78 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.